Акнун ѓулѓулаи мудњиши садњо добулбас нидои љангї, ѓурриши пурхашмона, рамзи бебокиву берањмї, огоњии ў буд ба ањли юриш, ки гўш бидињанд ва бархезанду ба амал биоѓозанд, сўи маќсад, ба фатњи дунё равон бишаванд. Хоњанд рафт онон, кулли одамону њайвоноте, ки гўши шунаво доранд, аз паи ў то охир, то поёни ин уфќи бекарон ва, саропо ларзида, хоњанд гўш дод ба ѓурриши наќорањои љангии вай. Њатто абраки сафед, ин шоњиди наву људоинопазири афкори нињони ў, зери садои сањаргоњии наќорањо, бемайлон болои сари ў чарх мезанад. Бодаки сахте парчами салтанатро, бо аждањори оташнафаси зиндамонандаш, љавлон медињад ва, ана, он ба рафти шамол рў-рўи матоъ медаваду аз ком шўълаи рўшане меафканад…
Њавои сањаргоњони рўзњои охир хуб омад.
Шабњо њам, пеш аз хоб, Чингизхон ба назораи атроф мебаромад. Пањнои дашти бекарон пури гулхан буд, алангаи гулханњои наздик ва милт-милти дурњояш дар њар тараф ба чашм мерасид. Рўи ќароргоњи сарбозону шаббоши корвон ва љои исти галабонњову гала дуди сафед пањн мешуд, одамон ин лањзањо, араќшор шуда, серї гўшт мехўрданд. Бўи гўшти пухта, ки калон-калон аз дегњо берун меоварданд, дарандањои даштро љалб мекард. Гоњ дар ин љову гоњ дар он љо, миёни пардаи зулмот, чашмони беќарори он мављудоти бадбахт дурахшон мешуду уллоси навмедонаашон ба гўш мерасид.
Лашкарро дар ин миён зуд мурдахоб мебурд. Фаќат садоњои посбонони шабгард, ки ќўшунро њини фароѓаташ назорат мекарданд, хотирнишон менамуд, ки шабонгањ низ њаёт дар ин љо мувофиќи тартиботи сахт муќарраршуда идома меёбад. Бояд њамин хел њам бошад: њама чизу њама кас вазифањои хешро доранд, ки нињоятан вобастаи маќсади ягонаву олї – хидмати бечунучарову содиќона ба фикри љањонгирии Чингизхон аст. Дар чунин лањзањо, ботинан сархуш шуда, ў моњияти худ, яъне фавќулодам - њирси рафънопазири девонавори њокимиятро, ки бо фаротар шудани ќудраташ торафт меафзуд, амиќ дарк мекард; аз ин љо ногузир хулосаи мутлаќе њосил мешуд – матлуб танњо њамонест, ки созгори маќсади ќудратафзои ўст ва њар он чизе, ки љавобгўи он нест, њаќи мављудият надорад.
Бино бар ин њам рух дод ќатл дар Сарой, ки ќиссаашро солњои зиёде пас, ба бадбахтии хеш, Абўтолиб Ќуттибоев рўи коѓаз овард…