Ин суханонро гуфту пеши назари њама љањида аз асп фуромад, даст дароз карда, ба гардани Оќжулдуз тап-тап зад, ки асп тўрид. Юзбошї, рањорањ силоњу љињозашро аз тан рањо кардаву ба њар тараф афканда, сўи зардўз, ки љаллодон аллакай дастонашро медоштанд, равон шуд. Ў мерафту њама медиданд, ки одаме бепарво ба истиќболи марг ќадам мезанад. Ба мањбубааш, ки омодаи ќатлаш карда буданд, расида, Эрдене-юзбошї, ба зону зад ва ўро оѓўш кард, зан даст бар сари вай нињод ва њарду пешорўи марг, боз ба њам пайваста, сокит монданд.
Њамон замон бонги добулбасњо баланд шуд. Онњо чун подаи бесаранљоми барзаговон, бо тамоми овоз ѓуррида, ѓулѓула андохтанд. Ѓурришашон итоати умум ва шиддати њаяљони њамагонро дармехост. Ва њама якбора ба худ омаданду ба њолати ќаблї баргаштанд ва амру фармонњо баланд шуд, ки њамаро ба омодагиву идомаи юриш вомедоштанд. Наќорањо нидо мекарданд: њар кас бояд чун њамагон бошад, њамагон бояд ќарзи хешро адо бикунанд!
Њамоно љаллодон ба кори худ сар карданд. Боз се жасавул ба кўмаки ишон шитофтанд. Онњо юзбоширо ба замин афканда, зуд дастњояшро ба пушт бастанд, зардўзро низ ба њамин њол оварданд ва њардуро кашолакунон пеши шутури хобида бурданд; бошитоб банд партофта, як њалќаашро ба гардани юзбошї андохтанду дигарашро, аз болои кўњони шутур гузаронда, ба гардани зардўз ва ношикебо, зери ѓурроси якнавохти наќорањо, ба хезондани шутур пардохтанд. Шутур бархостан намехосту муќобилат мекард, дод мезаду дандон-њояшро шараќќас занонда, газиданї мешуд. Вале зарбањои беамони чўбњо маљбураш карданд, ки ќомати беназирашро рост кунад ва лањзае пас, аз ду тарафи шутури дукўњона, пайванди њам љасадњои ду нафаре, ки дар њаќиќат њамдигарро то гўр дўст дошта буданд, овезон шуд.
Дар тўпаланги наќорањо на њама аз сари пушта ѓайб задани равонтахти хоќонро пай бурданд. Хоќон хушњолона ќатлгоњро тарк мегуфт: љазодињї мувофиќи маќсад, беш аз интизораш сурат гирифт – оќибат оне, ки зардўзро ром кардаву дилхушињои тањи кўрпаро аз њама чиз боло гузошта буд, маълум шуд, охир; пеши назари њамагон љазои сазовор гирифт ва шояд ин талофии гуноњи он шахси охири кор номаълуммондае буд, ки Бортэи ў замоне оѓўшашро дидаву нахуст-фарзанде таваллуд кард, ки ботинан хоќон њељ дўсташ намедошт…