Читаем Пораабри сафеди чингизхон полностью

- Дўстони азиз, - шурўъ намуд подполковник, њозиронро бо нигоњи махмуру бовиќори хеш аз назар гузарондаву бо ин зарурати таваљљўњи пурраву батамом љиддии ононро зикр намуда. – Худатон мефањмед, ки имрўз дили ман бањри саршор аст. Мефањмед! Ва ман сухан кардан мехоњам. Ин лањза соати бахти ман аст ва ман гапамро мегўям. Мегўям, ки ман њамеша дањрї будам. Комсомол тарбияам кардааст. Ман болшевики матинам. Мефањмед! Ва бо ин бисёр мефахрам. Барои ман худо вуљуд надорад. Набудани худо ба њама, ба њар як мактаббачаи советї маълум. Вале ман чизи дигар гуфтан мехоњам, мефањмед… гуфтан мехоњам, ки худо њаст дар дунё! Мефањмед… Ман худоеро дар назар надорам, ки истисморгарони оммањои мењнаткаш пеш аз инќилоб бофта баровардаанд. Худои мо соњибњукуматест, ки аз ќудраташ, чунон ки газетањо менависанд, дар сайёра давраи нав сар мешавад ва мо, ѓалаба то ѓалаба, ба сўи тантанаи љањонии коммунизм меравем; он шахс доњии беназири мост, ки лаљоми даврон дар дасташ аст, чунон ки сорбон инони нахустуштури корвонро ба даст дорад; он шахс Иосиф Виссарионовичи мост! Ва мо аз паи ў меравем, ў корвонро рањнамої мекунаду мо якдилона аз паси ў роњ мебарем. Ва њар касе, ки дигар хел фикр мекунад ё дар сар андешањои бегона дорад, аз шамшери сазобахши чекистї, ки Дзержинскийи оњанинирода ба мо ёдгор гузоштааст, амон намеёбад. Мефањмед… Мо ба душманон муборизаи беамон эълон кардаем. Авлоди онњо, оилањои онњо ва њар гуна унсурњои хайрхоњи онњо, ба хотири кори пролетарї, чунон ки баргњои хазонро тирамоњ тўда-тўда месўзанд, несту нобуд карда мешаванд. Мефањмед… Барои он ки идеология фаќат яктост, идеологияи дигар нест! Бино бар ин, мову шумо рўи заминро аз душманони идеологї – миллатчиёни буржуазї ва ѓайраву њоказо… мефањмед… тоза мекунем, ба душман, дар куљое, ки пинњон нашавад, ниќоби касеро, ки ба рў накашад, ягон рањму шафќат нест. Дар њама љо душмани синфиро фош кардану љосусони душманро рўи об баровардан… мефањмед… чї хеле ки рафиќ Сталин таълим медињад, душманро кўфтану рўњи оммањои мењнаткашро мустањкам намудан! – ана, њамин аст шиори мо. Имрўз, ки маро ќадрдонї карданду фармони пеш аз мўњлат додани унвони навро хонданд, савганд ёд мекунам, ки бемайлон бо роњи сталинї меравам… мефањмед… душманро кофтаву ёфта, ниятњои љинояткоронаашро фош месозам ва ў, барои он ниятњои ифлос, љазои сахту сазовор мегирад. Мефањмед… мо миллатчиёни асосиро безарар карда бошем њам, институту редаксияњо пури хайрхоњонашон аст. Вале онњо њам аз мо халосї надоранд ва мо ба онњо ягон зарра рањму шафќат намекунем. Боре, дар як пурсуљў, як миллатчї… мефањмед… ба ман мегўяд, ки хоњед-нахоњед, таърихи шумо рањгум мезанад ва худатон, чун иблис, ба нафрат гирифтор мешавед. Мефањмед?!

- Ин хелашро дар љояш паррондан лозим буд! – Тоќат накард Тансиќбоев ва њатто бо хашм нимхез шуд.

- Дуруст, майор, ман низ њамин хел мекардам, - дастгирї намуд ўро подполковник, - вале вай њанўз барои тафтишот даркор буд ва ман ба ў гуфтам… мефањмед… ба ў гуфтам, ки то мо рањгум мезанем, нишони ту, палид, дар ин дунё намемонад! Саг мељакаду корвони сталинї меравад…

Њама якбора, мазаммати сазовори он миллатчии ношудро маъќул дарёфта, шодона хандиданду чак-чак заданд, њама, љомњои саршор дар даст, якбора бархостанд. «Барои Сталин!» – нафас берун карданд њама якбора, то охир нўшиданд ва гўё бо њамин њаќќонияти нўшбод ва садоќати хешро ба он тасдиќ мекарда бошанд, љомњои холиро ба њамдигар нишон доданд.

Баъдан дар идомаи он фикр бисёр суханон гуфта шуд. Ва он суханон, худ ба худ пайдову афзун шуда, то дер болои сари њозирон давр мезаданд. Он суханон, чун оилаи баќањромадаи занбўрњои вањшї, ки аз афзуниву зањрогинии худ бештар хашмї мешаванд, ѓазаби нињониеро дар хеш љамъ меоварданд.

Перейти на страницу:

Похожие книги

И власти плен...
И власти плен...

Человек и Власть, или проще — испытание Властью. Главный вопрос — ты созидаешь образ Власти или модель Власти, до тебя существующая, пожирает твой образ, твою индивидуальность, твою любовь и делает тебя другим, надчеловеком. И ты уже живешь по законам тебе неведомым — в плену у Власти. Власть плодоносит, когда она бескорыстна в личностном преломлении. Тогда мы вправе сказать — чистота власти. Все это героям книги надлежит пережить, вознестись или принять кару, как, впрочем, и ответить на другой, не менее важный вопрос. Для чего вы пришли в эту жизнь? Брать или отдавать? Честность, любовь, доброта, обусловленные удобными обстоятельствами, есть, по сути, выгода, а не ваше предназначение, голос вашей совести, обыкновенный товар, который можно купить и продать. Об этом книга.

Олег Максимович Попцов

Советская классическая проза