Ба таркиби қишри замин ҳамаи элементҳои химиявӣдохил мешаванд O – 49,1%, Si -26 %, Al – 7,4%, Fe – 4,2%, Ca – 3,3%, Na – 2,4%, K – 2,4%, Mg – 2,4%, Σ – 97,2%;
Мантия – байни қишри замин ва ядро то чуқурии 2900 км паҳн мешаванд. Бартарӣ дорад:: O, Si, Fe, Mg, Ni. Дар дохили мантия аз чуқурии 50-100 км дар зери уқёнусҳо ва 100-250 км дар зери континентҳо қабати моддае оғоз меёбад, ки аз рўи ҳолат ба гудозиш наздик мебошад, яъне астеносфера. Қишри замин бо қабати болоии мантия болотар аз астеносфера литосфера номида мешавад. Литосфера-қабати сахти берунии замин мебошад.
Ядро – поёнтар аз мантия дар чуқурии 2900 то 6371 км , аз Fe ва Ni иборат аст.
Литосфера (ё ин ки замин) – қисми муҳимтарини муҳити атрофи табиӣ мебошад, ки бо масоҳат, релеф, қабати хокӣ, наботот, сарватҳои зеризаминӣ тавсиф меёбад.
Ҳолати литосфера бо мурури вақт аз таъсироти омилҳои табиӣ ва фаъолияти инсон тағйир меёбад.
Омилҳои табиӣ (қувваҳо) ( гармӣ, намнокӣ, бод, радиатсия ва ғ.) ва зуҳуроти геологӣ (вулқонҳо, заминҷунбӣ, обхезӣ ва ғ. куллан литосфераро дар минтақаҳои алоҳида тағйир медиҳанд.
Яке аз хосияти муҳимтарини хок ин ҳосилхезии он, яъне қобилияти таъмин кардани ғизои органикӣ ва минералӣ мебошад. Ҳосилхезии он аз хосияти физикавӣ ва химиявии хок (почва) вобаста аст. Хок (почва) муҳити сефазагӣ мебошад, ки компонентҳои сахт, моеъ ва газмонандро дорад. Он дар натиҷаи таъсири мутақобилаи иқлим, наботот, ҳайвонот, микроорганизмҳо ташаккул ёфта дар худ компонентҳои зинда ва ғайризиндаро дар бар мегирад.
Ҳимояи литосфера
Занҷири асоси ҳимояи экологии замин:
– ҳимояи заминҳо аз эрозияи обӣ ва шамолӣ;
– ташкили системаи коркарди замин ва кишти ҳархела;
– чораҳои мелиоративӣ (мубориза бо ботлоқзоршавӣ ва шўршавии замин)
– рекултиватсияи қабати вайроншудаи замин;
– ҳимояи замин аз ифлосӣ, флора ва фаунаи манфиатбахш аз нестшавӣ;
– роҳ надодан ба беасос гирифтани замини ҳосилхез аз хоҷагии қишлоқ;
Чораҳои комплексӣ оиди мубориза бо эрозияи замин: заминсозӣ, агро-техникӣ, гидротехникӣ, ҷангалмелиоративӣ.
Пешгирии шўршавии дуюмбораи замин: – дренаж, танзмими обдиҳӣ, обмонии боронӣ, обмонии қатрагӣ ва зерирешагӣ, корҳо оиди гидро-маҳдудкунии каналҳои обёрӣ ва ғ.
Пешгирии ифлосшавии заминҳо бо пестидсидҳо (заҳрхимикатҳо) – усулҳои экологии ҳимояи растаниҳоро истифода мебаранд: биологӣ ва агро-техникӣ, қобилияти худтозакунии табиии заминро баланд мебардоранд.
Дар ҳолати гузаронидани корҳои сохтмонӣ, ки бо вайроншавии ме-хакнии қабати замин ба вуҷуд меояд рекултиватсия пешбинӣ карда мешавад.
Қишри замин аз кам шудани захираҳои канданиҳои фоиданок ва ифлосӣ бояд ҳимоя карда шавад. Зарур аст:
– аз қишр зиёдтар истихроҷ кардан ва истифодаи оқилонаи захираҳои канданиҳои фоиданок;
– ҳимоя намудани конҳо аз обпуршавӣ, сўхтор ва ҳоказо;
– пешгири намудани ифлосшавии қишр дар ҳолати нигаҳдории зери-заминии нафт, газ ва дигар моддаҳо. Риоя намудани принсипи истихроҷи пурраи канданиҳои фоданоки асосӣ ва ҳамроҳии он, истифодабарии пасмондаҳо.
Дарси амалӣ
Таъсироти истеҳсолоти кӯҳӣ ба ландшафти табиӣ
Хусусияти хоси ҷойгиркунии корхонаҳои саноати кӯҳӣ дар он мебошад, ки онҳоро метавонем танҳо дар ҷойҳое, ки конҳои канданиҳои фоиданок мавҷуд аст, ташкил диҳем. Ҳамин тавр, барои ташкили комплекси калони саноатие, ки иборат аз корхонаҳои самтҳои гуногуни дорои инфрасохтори мураккаб, корхонаҳои кӯҳӣ асос мебошанд. Аз ин лиҳоз, сарборӣ (нагрузка) ба муҳити атроф меафзояд.
Майдони умумии қитъаҳои замин, ки аз тарафи корхона дар тамоми мӯҳлати мавҷудияти он истифода мешавад, қитъаи қаъри заминро ташкил медиҳад. Дар вақти сохтмон, эксплуататсияи ва азнавсозиии корхона масоҳати қитъаи қаъри замин метавонад тағир ёбад (гирифтани заминҳои нав барои истифода ва азнавбарқароркунии заминҳои вайроншуда).
Дар қитъаи қаъри замин гурӯҳҳои зерини майдонҳо ҷудо карда мешавад:
1) барои маъмурияти худи корҳои кӯҳӣ; чунин қитъаҳо барои истифодабарии муваққатӣ дода мешавад, ба ғайр аз майдонҳо барои отвалҳои беруна;
2) барои ҷойгиркунии иншоотҳои саноатиии технологӣ ва ёрирасон, аз он ҷумла иншоотҳои тозакунӣ ва ҳавзҳои гирифтани об (водозаборные сооружения), анборҳои асосӣ ва муваққатии маводҳои тарканда ва ғ., объектҳои инфарсохторӣ ба корхонаи кӯҳӣ барои истифодабарии доимӣ ё дарозмӯҳлат дода мешавад.
3) барои ҷойгиркунии биноҳои истиқоматӣ, сохмони деҳаҳои корхонаҳои кӯҳӣ ё биноҳо ва иншоотҳо барои эҳтиёҷоти корхонаҳои кӯҳӣ дар территорияҳои мавҷуда; ин гуна қитъаҳои барои истифодабарии доимӣ дода мешавад.
4) барои ҷойгиркунии коммуникатсияҳои гуногун (роҳҳо, роҳҳои оҳан, хатти барқ, алоқа, канализатсия ва диг.; ин гуна қитъаҳои замин вобаста ба таъиноти коммуникатсияҳо ва мӯҳлати эксплуататсияи онҳо барои истифодаи доимӣ ва ё муваққатӣ дода мешавад.
Ареали таъсироти манфии корхонаҳои кӯҳӣ ба ландшафти муҳит аз масоҳати қитъаи қишри замин (земельный отвод) бисёр ҳам калон мебошад, ки ҳолати экологии ноҳияи корхонаҳои кӯҳиро бадтар менамояд.
Расми 4.1. Сохтори майдонҳои қитъаи кӯҳӣ ва замини қишр (горный отвод и земельный отвод):