Дар Ҷопон – ҳангоми эксплуататсияи обгирандаҳои зеризаминӣ ва истихроҷи гази табиӣ.
–
Дар Британияи Кабир – ҳангоми истихроҷи намак.
Пастшавии сатҳи замин дар яке аз ноҳияҳои Британияи кабир то 15 м расидааст, масоҳати ин территория дар Калифорния, ИМА баробари 13,5 ҳаз. км2
мебошад. Дар Ҷопон зиёда аз 40 ноҳияҳои пастшавии сатҳи замин бо масоҳати зиёда аз 7000 км2 ҳисобида шудааст, ки аз он 1200 км2 аз сатҳи баҳр поён мебошад.Дарси КМРО
Таъсироти антропогенӣ ба ландшафти табиӣ
Дар асри XIX – ибтидои асри XX территорияеро, ки бо хусусиятҳои зоҳириаш, асосан бо релеф ва намудаш фарқият дорад, ландшафт меҳисобиданд. Баъзе вақт бо истилоҳи “ландшафт” ҳудудеро, бо шаклҳои алоқаи бо ҳам мутақобилаи хоси табиӣ доштаро меҳисобиданд. Дар илми георафияи муосир ландшафт ҳамчун геосистемае мебошад, ки бо ҳудуди муайяни аниқи аз ҷиҳати пайдоиш ва таърихи рушд фарқият дошта, дорои асоси геологии ягона, релефи намуди якхела дошта, иқлими умумӣ, мувофиқати ягонагии шароити гидротермикӣ, хок, биотсеноз мебошад.
Вобаста аз миқёс ва интенсивнокии таъсироти антропогенӣ намудҳои зерини тағйироти ландшафтҳоро ҷудо менамоянд:
глобалӣ, вақте ки тағироти муҳити табиат дар ҳудуди васеъ бо тағир ёфтани сифати атмосфера ва оби Уқёнуси ҷаҳон рӯй медиҳад;
минтақавӣ, дар натиҷаи таъсироти тӯлонӣ минтақаҳои ландшафтӣ табаддул меёбад;
регионалӣ, дар вақти ба таъсироти интенсивӣ комплексҳои географию-иҷтимоӣ, хоҷагию-иқтисодӣ ва иҷтимою-демографӣ дар сарҳадҳои ҳудудҳои тақсимоти маъмурӣ, ки дар суммаи таъсироти антропогенӣ ва дигар таъсиротҳои умумии ба онҳо хос,
ба муҳити табиат тавсиф меёбад;
маҳаллӣ, вақте ки тағироти ландшафтӣ дар ҳудудҳои нисбатан хурд рӯй медиҳад.
Ландшафтҳои антропогении дар натиҷаи фаъолияти инсон ташаккул ёфта – дар рӯи Замин кам набуда, ҳудудҳои калон ва минтақаҳои географии давлатҳои бисёрро дар бар мегирад. Тақрибан 32% масоҳати сатҳи Заминро ландшафтҳои антропогенӣ дар бар мегирад. Дар натиҷаи таъсироти интенсивӣ дар Белгия ландшафтҳои табиӣ қариб, ки боқӣ намондааст. Дар Британияи Кабир бошад заминҳои киштзор 80% территорияро, дар ИМА – 68%, дар Фаронса – 66%-ро дар бар мегирад.
Дар ташаккулёбӣ ва мавҷудияти ландшафт нақши масхсусро хок мебозад. Хок (замин) – яке аз захираҳое, ки бе он мавҷудияти инсон имконнопазир мебошад. Он асос барои гирифтани маҳсулоти хӯрока ва ашё барои қонеъ намудани эҳтиёҷоти зарурии инсон мебошад. Замин – базиси фазогии фаъолияти ҳаётии ҷамъият буда воситаи асосии истеҳсолоти хоҷагии қишлоқ мебошад, ки инсон дар раванди фаъолияти худ таъсироти мебарад.
Айни замон масоҳати заминҳои киштшуда, аз он ҷумла барои зироати техникӣ (масалан картошка, биринҷ – барои крахмал) тақрибан 12 % хушкиро ташкил медиҳад. Аз ин 33% дар Аврупо, 20% – ба Осиё, 20% – Амрико, 10 % – Африка, 5% – Австралия ва Океания рост меояд.
Дар кишварҳои тараққикарда масоҳати киштзорҳои хоҷагии қишлоқ мунтазам ихтисор шуда истодааст.
5. Садо ва таъсири он ба муҳити атроф
Садо ва таъсири он ба муҳити атроф
Ифлосшавии муҳит бо садо – таъсири физикии зарарнок ба муҳити атроф дар натиҷаи аз ҳад зиёд шудани сатҳи табиии мавҷҳои садогӣ ба вуҷуд меоянд.
Вобаста аз шунавоии одамизод мавҷи чандир дар диапазони лаппиши 16 то 20 000 Гертс овоз садо номида мешавад, камтар аз 16 Гертс инфрасадо, аз 20 000 ултрасадо, зиёда аз 1·109 гиперсадо. Одам қобилияти дарк кардани лаппиши садогиро дар диапазони 16 то 20 000 дорад. Диапазони садои шунавоӣ барои одамизод аз 0 то 170 дБА мебошад.
Садои нофорамро, чун қоида садои табиӣ не балки садоҳои антропогенӣ ба вуҷуд меорад, ки одамизодро ба мондашавӣ камшавии қобилияти фикрӣ ва маҳсулнокии меҳнат, сарбории аз ҳад зиёди асабӣ, стрессҳои садогӣ ва ҳ. Сатҳи баланди садо зиёда аз 60 дБА ба шикоят меоварад, дар ҳолати 90 дБА органҳои шунавоӣ ба вайроншавӣ сар мекунанд, 110-120 дБа ҳадди дардӣ буда, сатҳи аз 130дБА барои органи шунавоӣ харобовар мебошад. Дар ҳолати 180 дБА дар металлҳо тарқишҳо пайдо мешаванд.
Манбаъҳои садои баланд: нақлиёт, корхонаҳои саноатӣ, таҷҳизотҳои маишӣ ва ҳоказо.
Ҳифз аз таъсири овози баланд.
Ташкилоти байналхалқии тандурустӣ барномаи дарозмуддатро оиди кам кардани овози баланд дар шаҳрҳо ва мавзеъҳои аҳолинишини дунё кор-кард кардааст. Барои ҳал чораҳои комплексии ҳатмӣ андешидан лозим: қонунбарорӣ, техникӣ – технологӣ, сохтмонӣ шаҳрсозӣ, архитекторӣ шаҳрсозӣ. Санадҳои меъёриву қонунгузорӣ – шиддатнокӣ, вақти амал ва ди-гар параметрҳои овози баландро ба танзим медарорад. Дар асоси меъёр ҳамин хел сатҳи таъсири овози баланд оварда шудааст, ки дар давоми вақти дароз ба организми одам ягон хел таъсири манфӣ намерасонад, аниқтараш рўзона 40 ДБА ва шабона 30 ДБА. Сатҳи ҳаддӣ барои овози баланди нақли-ёт дар ҳудуди 84-92 ДБа муқаррар шудааст.
Чораҳои техникӣ-технологӣ – ҳимоя аз овози баланд ба воситаи чо-раҳои техникии комплексӣ (гузоштани ҷилдҳои овозфурўбаранда барои дастгоҳҳо). Барои нақлиётҳо садопахшкунанда, насби тормозҳои дискӣ, рўйпўши роҳи садофурўбаранда ва ҳоказо.