— Ин марди элакбоф марди ҷасур ва ориятманд аст, илми ҳарбро хуб медонад, лекин дасташ кӯтоҳ…
— Вай модарзод дасткӯтоҳ аст? — пурсид Мирмӯҳсин, ки саргарми мутолиа буд.
— Дасткӯтаҳ ба дигар маънӣ. Вай барои харидани аслиҳаи ҷангӣ маблағ надорад. Тарафдоронаш ҳам камбизоат…
— Бисёранд онҳо? — якбора ба шавқ омада, китоб ба фарш ниҳоду наздиктар нишаст Мирмӯҳсин.
— Дар ҳар русто камаш сад ҷонибдор ҳаст. Дар Бухоро ҳам- фикрони Маҳмуди Торобӣ аз мӯйи сар бисёр…
Мирмӯҳсин саволомез устодашро нигаристу гуфт:
— Эй устод, мешунавед? Падарам тори сари мо истода, бо чашми дурахшон нидо мекунад: «Бархез эй фарзанд! Шамшери падар ва зари поки модар ба каф гиру пеши Торобӣ рав ва рағми душман баҳри озодии Ватан ҷиҳоди бузург оғоз намой».
Бо ишораи устод тозон берун баромад ва кисаи пурзар овард. Ба дасти Шамсиддин доду ангуштари тавқеъро бӯсид ва бо оҳанги савганд гуфт:
— Ман қавлу қасам кардаам, ки то қиёмат ҳарфе аз сухани модар фаромӯш накунам.
Нохалаф бошам, агар ҳамчун симоб ба ҷони муғул изтироб наандозам.
Фарзанди Мирмалик набошам, агар бар рағми душмани манҳус мубориза оғоз накунам!
Илтимос, маро ба манзили Торобӣ баред. Мехоҳам дасти дарози дӯсти шумо бошам!
Шамсиддин ва Мирмӯҳсин шитобон рафтанду шоири шӯрида хурсанд аз он ки байни онҳо ҷамъиятдилӣ пайдо шуд, чашм барҳам назада, ба тақозои дуо даст ба осмон бардошт:
— Эй умр, илтиҷо мекунам, чандон шитобон марав. Оҳиставу бомаром ҷорӣ шав, то фарзанди Мирмалик бар муроду мақсад расад, хунбаҳои падар гирад ва рӯҳи модар шод гардонад. Интиқоми ёрони падар ситонад ва бар тухми насли Чингиз қирон орад: