Нигина фарзанди яккаву ягона бо меҳри модарона бар оғӯш кашиду ба ҳуш омад. Ақли тирагаштааш равшан шуд ва навҳа оғоз кард:
— Падаратро аз даст додем, писарам. Паршикаста шудем, писарам. Дар хонаи бесутун бе муттако мондем, писарам… Дод аз дасти муғул!!
— Ором шавед, модар. Тақдир ҳамин будааст…
— Тақдир барвақт тир дар камон карда буд, писарам. Лекин бераҳмӣ аз ҳад гузашт, писарам… Дод аз дасти муғули бераҳм!
— Ором шавед, модар. Шукр гӯед, ки дидор ба қиёмат намонд. Ҳамдигарро дидем, аз ҷамоли падар чашмҳо мунаввар шуд…
— Аз он месӯзам, ки маро ҳангоми баргрези ҳаёт саломе доду рафт. Видоъ нокарда, васияте нагуфта, бебозгашт рафт. Дод аз дасти замона! Фарёд аз бахти вожгуна!!
— Дуруст мегӯед, модар. Замона дар дили мо захме чунон зад, ки марҳам натавон ниҳод. Лекин… аз оҳу дареғ гуфтан чӣ суд, вақте тир аз камон канда шуд? Дарди дил чӣ фоида дорад, вақте ки ҷон аз даст рафт?!
Худоё, бо лутфи хеш рӯҳи равони падарам шод гардон…
Ҳазор соли ҷалолӣ бақои умри Мирмӯҳсин бод! Кори душворе, ки на ҳар кас аз ӯҳдааш мебаромад, ин ҷавони навхати шонздаҳсола бо хунсардӣ ва хирадмандӣ иҷро кард! Дили кӯчидаю ақли парешони модари заифгаштаро аз қаъри хок бардошта, дар ҷояш ниҳод ва хотири моро ҷамъ овард.
Туғёни дили Нигина, ки аз дарди ҷонкоҳ ба фиғон омада буд, андаке паст нишаст. Бо лабони ларзон гуфт:
— Маро дар дил аст он чӣ дар ҷон турост, эй писарам. Дигар ҳаргиз ин қадар сахт фарёд намекунам, то гӯши дил кар нашавад. Гарчӣ аз ғам ҷон бар лаб расидааст, шукри ҷони фарзанд карда, падаратро аз оғӯши нафас суроғ мекунам ва танҳо «Ё муғису, ағисно!»154
мегӯям. Вале ту ҳаргиз ором нашин, писарам. Ҳамеша дар такопӯй бош. Тарсу нашав, аммо ҳушёркор ва оқибатандеш бош. Зеро ворисони Чингизи ҷоду, ки бунёди макр бар фалаки ҳуққабоз ниҳода, падаратро аз байн бурданд, акнун бармало бар мо кинавар шудаанд. Онҳо дер ё зуд кӣ будани ту ва дар куҷо буданатро фаҳмида, шамшер аз ғилоф мекашанд. Арвоҳи падар парешон мешавад, агар оқилона аксуламал накунем…Нигина сандуқи чӯбини дар меҳроб ҷойгирифтаро кушоду чанд либосу латтапора берун кашида, Мирмӯҳсинро фармуд, ки халтаи чармини дар кунҷи рост бударо оҳиста боло кашида, рӯйи фарш гузорад.
— Тамоми боигарии раққосаи дарбори Султон Муҳаммади Хоразмшоҳ дар ин халта маҳфуз аст. Он аз хироҷи дусолаи мамлакат бештар арзиш дорад. Онро пурра ба ту мебахшам, писарам! Ту дигар парешонрӯзгору шикастахотиру ноумеду нотавон нестӣ, писарам! Ба беҳрӯзӣ умеди дил қавӣ дор ва чун рӯзу соати мувофиқ фаро расад, темор аз димоғи душман барор!!
Нигина хам шуда, аз байни тиллою лаълу марвориду ҷавоҳирот ангуштари дурахшоне ба даст гирифту оҳиста ба ангушти ишоратии Мирмӯҳсин андохт:
— Ин ангуштари тавқеъ аст, писарам. Мӯҳри подшоҳ, иқтидору азамати шоҳаншоҳӣ дар нигини он ниҳон аст. Шоҳаншоҳи олам тавқи заррин ба ман бахшиду ангушти таассуф газид ва нотавону бечораҳол шуд. Чингиз маро не, ана ҳамин ангуштаринро ба даст овардан мехост, то ҷовидон ҳукмрони ҷаҳон шавад.
Акнун ангуштари тавқеъ зеби дасти фарзанди Мирмалик аст, ки Ғазанфари олам буд. Ту Шоҳпаланги олам шав, писарам. Минбаъд дар Ворух истодани туро салоҳ намебинам. Туро ба амактағоят Сайфуддин месупорам. Вайро фарзанди рӯҳонӣ, дилбанди ҷонӣ шав. Ҳар ҷо бошед, дар амони Худо бошед…
— Шумо ҳамроҳи мо намеравед, модар?
— Ман аз Ворух дигар асло ба ҳеҷ куҷо намеравам, писарам. Чунки дар дигар ҷо рӯзгор бе малол гузаронда наметавонам. Дар ин ҷаннатмакон ҳангомаи марг баршикаста, роҳи тақво пеш мегирам ва пайваста ибодате шоиста мекунам, то ёди ёри меҳрубон ва поси хотири азизону бузургворон бо зикри хайр зинда нигоҳ дорам…
Синни ман ба сию панҷ расиду шукри Худо, ки ту шонздаҳсола шудӣ, писарам. Акнун ман домзада кабутарам, сояи боли ман доми бало барои муғулҳост. Аз навбаҳори ҳунарам накҳати андак мондаасту ҳар замон даст меҷунбонам, то коҳил нашавам. Аммо ту фаъол бош, зеро ҳарчанд ҷавонӣ, бо ҳама чиз оростаӣ! Домони поки амактағоятро ҳаргиз аз даст раҳо накун ва бираву орзую ормони падари худ ҳосил кун! Рӯҳи падаратро шод гардон, ки доимо ба шодӣ мегуфт: «Маро шоҳписарест, ки номи ман ба василати ӯ боқӣ мемонад!» Падарат…
Ку падарат?! Бадри тамом будаму аз фироқаш чун ҳилол шудиям… Дардо, ки аз ҷафояш шаб то шаб нимсӯхтаю борику торик мешавам… То ба кай кафтар аз ғами ғазанфар болканон менолад??!
Дидам, ки ваҷоҳати Нигина беҷо мешавад, зуд об бар оташ задам:
— Эй хоҳари ҷон! Дил аз фарзанд фориғ дор. Нигаҳдораш Худою нигаҳбонаш манам!
Нигина гиряолуд хандид. Аз хайли хаёл фуромаду дигар сақате нагуфт. Аз ток обгинаи чинӣ гирифта, се бор шусту пок намуд. Дарунаш қадре шир рехт ва ба Мирмӯҳсин дароз кард:
— Бинӯш, писарам. Бикӯш, то дини исломро аз доғи кофирон чун шири модарон пок гардонӣ. Хайр, паноҳат ба Худо…