— Аз аҳди хурдӣ осори бузургӣ дар носияи фарзанди Мирмалик пайдо мебинам. Ба ин хурди бузургниҳод хурду бузурги оянда сари ҳурмат ва тоат мениҳанд:
— Ман ҳам мӯътақид бар онам, ки дар сиришти Мирмӯҳсин тухми дузарда ниҳодаанд, — гуфтам дар пайравии Саъдӣ. — Ба пиндори ман, ҳар кӯдаке дар даври Чингиз бар даври замон омадааст, бандаи одии хокӣ нест. Ӯ дар маҳди ноз бароҳат нахобад, вале аз лутфи дояи иқбол бебаҳра намонад! Модари рӯзгор эдун кӯдаки ширхор бо меҳри даҳчанд парварад ва бузургмард созад, то ки ӯ айши душман заҳр гардонад! Аз пирон ва шоирон дуо:
Саъдӣ низ даст ба дуо бардошт:
Мирмӯҳсини бачилла, ки ба маънои шеъру сухан сарфаҳм намерафт, «ангу унг» садо бароварда, бетоқат гардиду беашк гирён шуд. Саъдӣ мисли доя тифлро алвонҷ дода, аммо шоирона ба навозиш пардохт:
— Баланд садо барор, эй тифли пок! Нури шамъ аз гиря равшантар мешавад! Эй нафисаи покиза, гиряи нозат ҳуҷаста бод!
Ҳоло он кӯдаки гирён навраси шонздаҳсола асту то дами вопасини бобокалонаш Шайх Бурҳониддини Валӣ аз ӯ сабақ омӯхт. Алҳол беҳтарин шогирди дабиристони Ворух асту қории хушсалиқаи «Қуръон» ва донандаи чордаҳ ривоят. Яъне, чордаҳ тарзи хондани каломи қудсиро бо риояти ҳамаи санъатҳои лафзӣ ва маънавӣ азбар кардааст. Каломи адаб ва забони араб ба камоли балоғат ва фасоҳат азбар кардаасту дар ин ҷода маро устоди хеш меҳисобад.
Чашмони сиёҳу шӯъларез ва абрувони пайвастааш, пешонии фароху китфу бозу, гардани фароз ва сари бузургаш, тамкини гуфтор ва хандаҳои марғулаафканаш, аспсаворию гӯштингирӣ ва обнавардию бехато тир парронданаш айнан ба Мирмалики таҳамтан монандӣ дорад. Аммо чобукрафторию ҳозирҷавобӣ, шеърдонию муомилаи нарм, дили ҳассосу нигоҳҳои пурмеҳру лутфу шафқаташ, рухсораи зебо ва дандонҳои садафмонандаш шабеҳи Нигинаи нозанин аст. Ин бонуи ҳақгузори Худованди замину осмон қавлу қарзу вазифаю ҳақи модарӣ бо замири ҳақнавозу чашми ҳақпараст адо намуда, тифли нозуки ширхораро понздаҳ сол дар танҳоӣ бенуқс ба камол расонд ва паҳлавонписари оқилу доною забар- дасти навхостаро бо сари баланд ба дасти падар супорид. Мирмалик шоду масрур хурӯши фархундаю фаррух аз замир баровард. Вале… муғули беинсоф мурдаи Мирмаликро вожгун ба дарё партофту бахти Мирмӯҳсин дигарбора вожгуна гашт…
Хостам фарзанди бахтбаргаштаро бо нидои «Эй писар, бархезу рӯ бишӯю фурӯ мол ғамро!» бедор ва ҳушёр кунам. Вале зуд аз раъйи худ баргаштам. Зеро бо гӯши дил шунидам, ки Мирмӯҳсин беовоз вовайло дорад: «Падарам! Эй падари ранҷбарам!! Бе ту мо бар сари дардем, ту бе мо чунӣ?? Андар он зовияи тира — обгаҳи мавҳаши бе мӯнису ёр — эй мӯниси дилҳо, чунӣ?? Ҳама осори ту пайдову худ пӯшида шудӣ, бо нишоти сафари обӣ, эй фарзанди дарё, чунӣ?? Мирмӯҳсин орзуи дидаи бинои ту буду чун сарв даст баланд бардошта дуояш мекардӣ — бе ман, эй орзуманди гулписари номбардор, чунӣ??!»
Нигина рӯзи дигар, чоштгоҳон аз хоби гарон бедор шуд. Бо азоб сар бардошта, ҳаросон ба атроф нигарист. Маро диду лаб инҷ кард. Баъд баланд хандид. Вале амакбузургаш Аҳмадсайидро диду хӯсид, дасту пояш, ҳама аъзои баданаш ларзид. Дар ҳамин ҳолат падару модар ба чашмаш намуданд. Худро бедиранг ба оғӯши модар андохту бо овози хирросӣ «Бивиҷун, ташна шудам, ов те!» гуфт. Аз косаи оби зулол як қулт нӯшид. Лабашро бо пушти даст пок карду боқимондаашро… ба сару китфи падар пошид. Баланд хандид ва беибо нидо кард:
— Додоҷун, гушна шудам! Гӯшти кафтар биёред…
Ҳанги Абдулсайид канду бо чашми пурсавол писар ва бародарашро нигарист. Нигина ба онҳо аҳамияте надода, пеши ман омад.
— Салом шоир! Ту шеър хон, ман мерақсам. Шакархонум канӣ? Куртаи сафедамро биёрад. Ранги кабутар мерақсам.
Нағз мерақсам, то Шоҳзода хурсанд шавад. Подшоҳ тангаю тилло тияд! Мирмалик… Оъ… Мирмалик канӣ?! Тоҷи сарам канӣ?! Қуввати дилам канӣ?! Соҳиби сарам канӣ??!! Падари…
Дарвоқеъ, Мирмӯҳсин куҷост?! Шоҳписарам куҷост??!
Мирмӯҳсин, ки ба ҳоҷате берун рафта буд, тозон пеши модар омад.
— Писарам! Писаракам! Нури чашмам… Қаду бастатба мурам! Заҳраамро кафондӣ… Пештар биё, писарам. Дар бағалам биё, нури чашмам…