Ќатора њамоно мерафту мерафт. Абўтолиб, ки таќдирашро заррае таѓйир дода наметавонист, ноилољ ба ќисмати пешонї, чун ба балои рафънопазире, тан дод. Акнун асли воќеаро чандон мутеъонаю навмедона мепазируфт, ки ќаблан бааламу ноилољона муќобилаташ мекард. Ў торафт бештар имон меовард, ки аз нав ба дунё биёяд њам, аз бархўрд бо ќудрати бечењраю ноодамонае, ки Тансиќбоев тимсолаш аст, гурехтан муяссараш намешавад. Ин ќудрат аз љангу аз асорат њам дањшатноктар будааст, зеро фалокатест бемўњлат ва шояд аз замони офариниши дунё бардавом. Эњтимол Абўтолиб Ќуттибоев – як омўзгори оддии мактаб – нафаре аз он абнои башар аст, ки љаримаи азияти бекории бардавоми шайтонро мекашанд; љаримаи замонеро, ки њанўз инсон дар пањнои Коинот пайдо нашуда буд ва баъдан пайдо шуду ягона миёни њама мављудоти рўи замин њамоно ситорааш бо ситораи шайтон мувофиќ омад ва рўз ба рўзу аср ба аср тантанаи шарро роиљ кардан гирифт. Оре, танњо инсон ба ин дараља золим баромад. Ба ин маънї Тансиќбоев барои Абўтолиб тимсоли азалии шайтанат буд. Ва, аз ин рў, дар як ќатор, дар як равонхонаи махсус, бањри иљрои як кори фавќулмуњим равон буданд онњо.
Тансиќбоевро дар истгоњњои гуногун њамхизматони мањаллиаш пешвоз мегирифтанд ва, яке ба расми ёриву дигаре ба таќозои њамкорї рањтўшањои хўрданиву нўшиданї оварда, аз кораш мемононданд. Ва ин Абўтолибро хурсанд мекард, зеро барои пурсишњои пуразоб њарчи камтар ваќт мемонд.
Махсусан, дар вокзали Ќизилўрда зўр пешвозаш гирифтанд дўстони њампеша – ба равонхона таоме оварданд, ки рўяш бо сачоќи сафед пўшида буду њанўз њавраш мебаромад. Дар долон давуѓечи посбонон, ки зиёфатро ќабул мекарданд, сар шуд. «Ќазї! Ќабурѓа! – баиштињо пичиррос зад якеи онњо. – Чї хел бўи наѓз! Дар шањр ин хелаш нест, ин гўшти сањрост!»