Читаем Пораабри сафеди чингизхон полностью

Абўтолиб ба хотир овард, ки Едигейи Бўронї аслан аз соњили бањри Арал асту моњигирони шиносаш, тавассути роњбаладњои ќаторањои боркаш, ба Ќазонќоп моњии хушкондаи бањри Арал мефиристанд ва њамоно дилаш бо изтироб ба сўзиш даромаду танг шудан гирифт – то дуроњаи Бўронї начандон зиёд, якшаба роњ монда буд; сањарї, соатњои дањ ё каме баъдтар, ќатораи мусофирбари дар оѓозаш равонхонаи махсус, аз бари кулбањои бодхўрда, сарочаву оѓили шутурон, ки аз дарзањои пурхор ињота доштанд, гузаштаву роњњои давонро пас гузошта, аз назар ѓоиб мешавад; меояду меравад он. Чї ќадар мегузаранд ќаторањо аз шарќ ба ѓарбу аз ѓарб ба шарќ, вале дили Зарифа гувоњї медода бошад, ки Абўтолиб он сањар ба ѓарб дар њуљразиндони равонхонаи махсус хоњад гузашт; ё шояд дилњои кўдакон номафњуму пуризтироб чизе пай бубаранду мањз њамон соат дидани ќаторањои рањгузар биштобанд? Худоё, чаро чунин гарону талх аст умри одамон?

Офтоби бањманмоњ ѓуруб мекарду дар дуродур, андар намуди пораосмони коњандаи арѓувонии байни хоку афлок, хомўш мешуд; аллакай говгум фаро мерасиду шаби зимистон оњиста ќомат меафрохт. Дар тирагї рўъёњо хомўш мешуданду чароѓњои истгоњњо фурўзон. Ќатора бошад, печутоб хўрда, ба ќаъри шаби дашт рањ мебурд…

Хобаш намеомаду азият мекашид Абўтолиб Ќуттибоев. Ўи дар њуљраи оњанкўб мањкам љои нишаст намеёфт, худро аз як кунљ ба кунљи дигар мегирифту оњи сард мекашид, бекор хоњиши њољатхона рафтан мекарду нозирро ба ѓазаб меовард. Вай, дари њуљраро нимво карда, аллакай якчанд бор огоњї дода буд:

- Э бандї, чї ин ќадар мелўтї? Мумкин не ин хел! Рост бишин!

Вале Абўтолиб, ки ќудрати худро ором намудан надошт, нозирро зорї мекард:

- Илтимос, ягон чиз бидењ, хобам бубарад, ки мемурам. Бахудо, мемурам! Чї даркор ба шумо мурдаи ман? Ба сардорат бигў – чи даркор ба шумо мурдаи ман? Хобам намебарад, бахудо, хобам намебарад!

Перейти на страницу:

Похожие книги

И власти плен...
И власти плен...

Человек и Власть, или проще — испытание Властью. Главный вопрос — ты созидаешь образ Власти или модель Власти, до тебя существующая, пожирает твой образ, твою индивидуальность, твою любовь и делает тебя другим, надчеловеком. И ты уже живешь по законам тебе неведомым — в плену у Власти. Власть плодоносит, когда она бескорыстна в личностном преломлении. Тогда мы вправе сказать — чистота власти. Все это героям книги надлежит пережить, вознестись или принять кару, как, впрочем, и ответить на другой, не менее важный вопрос. Для чего вы пришли в эту жизнь? Брать или отдавать? Честность, любовь, доброта, обусловленные удобными обстоятельствами, есть, по сути, выгода, а не ваше предназначение, голос вашей совести, обыкновенный товар, который можно купить и продать. Об этом книга.

Олег Максимович Попцов

Советская классическая проза