Читаем Пораабри сафеди чингизхон полностью

Боре, худаш њам бехабар, банди њолате шуд Абўтолиб, ки беихтиёр, гўё ба манзил расида бошад, ба тайёр шудан сар кард. Ду маротиба њатто пайтова печонду мўза пўшид, борхалтаашро ба тартиб овард ва мунтазир шуд. Лекин тоќат карда натавонист – посбононро ба љону њолашон намонд, ки иљозаташ бидињанд барваќттар дастурў бишўяд ва, аз нав ба њуљра баргашта, боз њам намедонист худро ба чї машѓул бидорад.

Ќатора њамоно дар дашти Сарой равон буд… Абўтолиб, ба ќисмат тан дода, дастонашро байни зонувон фишурда менишасту гоњ-гоње ба тиреза менигарист.

Дар истгоњи Ќумбел ќатора њафт даќиќа истод. Ин љо аллакай њама чиз худї буд. Њатто ќаторањо, ќаторањои боркашу мусофирбар, ки ќабл аз њар сўе рафтан дар роњи ин истгоњи калон ба ќатораи онњо дучор меомаданд, Абўтолибро азизу дилљў менамуданд – охир, онњо, чанд лањзаяке пеш, аз истгоњи Бўронї гузаштаанд, аз истгоње, ки бачањову њамсари ў зиндагї доранд. Ва як њамин кофї буд, ки он љисмњои бељон ќарини дилаш бошанд.

Ва, ана, ќатораи онњо боз ба роњ даромад ва то он ки ќад-ќади перрон мерафту аз њудуди истгоњ набаромада буд, Абўтолиб тавонист чењрањои шиностоби сокинони мањаллиро бубинад. Оре, оре, ў бешубња мешинохт он ќумбелињои дидаашро ва онњо низ эњтимол сокинони деринаи Бўронї – Ќазонќопу Едигей ва ањли хонадонашонро медонистанд; охир, писари Ќазонќоп - Собитљон, ки акнун дар донишкада мехонд, мактаби њамин љоро тамом карда буд…

Истгоњро пас гузошта, ќатора суръат мегирифту торафт тезтар роњ мепаймуд. Ба ёд овард Абўтолиб, ки боре њамроњи бачањо барои тарбуз омада буд ин љоњо, дафъаи дуюм – барои арчаи солинавї ва баъдан – бо корњои дигару дигар…

Ба хўрдание, ки сањар додандаш, даст назад Абўтолиб. Њамвора дар фикри он буд, ки то дуроњаи Бўронї тамоман кам, бештарак аз ду соат ваќт мондааст ва аз он мењаросид, ки мабодо барф бибораду бўрон бишавад, он гоњ Зарифаю бачањо аз хона намебароянду вай њатто аз дур њам дидаашон наметавонад…

Перейти на страницу:

Похожие книги

И власти плен...
И власти плен...

Человек и Власть, или проще — испытание Властью. Главный вопрос — ты созидаешь образ Власти или модель Власти, до тебя существующая, пожирает твой образ, твою индивидуальность, твою любовь и делает тебя другим, надчеловеком. И ты уже живешь по законам тебе неведомым — в плену у Власти. Власть плодоносит, когда она бескорыстна в личностном преломлении. Тогда мы вправе сказать — чистота власти. Все это героям книги надлежит пережить, вознестись или принять кару, как, впрочем, и ответить на другой, не менее важный вопрос. Для чего вы пришли в эту жизнь? Брать или отдавать? Честность, любовь, доброта, обусловленные удобными обстоятельствами, есть, по сути, выгода, а не ваше предназначение, голос вашей совести, обыкновенный товар, который можно купить и продать. Об этом книга.

Олег Максимович Попцов

Советская классическая проза