– масъулияти иштирокчиёни экспертизаи экологӣ ва тарафҳои манфиатдор барои ташкил, гузаронидан ва сифати экспертизаи экологӣ.
Мақсад ва вазифаҳои экспертизаи экологӣ
1. Мақсадҳои экспертизаи экологӣ аз инҳо иборатанд:
– пешгирии оқибатҳои манфии имконпазири татбиқи объектҳои экспертиза ва таъсири номусоиди онҳо ба саломатии аҳолӣ, захираҳои табиӣ, муҳити зист, амнияти экологии ҷомеа, аз ҷумла бартарафкунии зарари онҳо зимни фаъолияти идоракунӣ, хоҷагидорӣ, сармоягузорӣ ва дигар фаъолият оид ба татбиқи объектҳои экспертиза;
– таъмини пешгӯиҳои экологӣ дар асоси ахборот оид ба ҳолат ва тағйироти имконпазири вазъи экологӣ дар натиҷаи ҷойгиронӣ ва инкишоф додани қувваҳои истеҳсолкунанда, ки ба саломатии аҳолӣ, захираҳои табиӣ, муҳити зист ва амнияти экологӣ таъсири манфӣ намерасонанд.
2. Вазифаҳои экспертизаи экологӣ аз инҳо иборатанд:
– арзёбии самарабахшӣ, асоснокӣ ва кофӣ будани тадбирҳо оид ба ҳифзи саломатии аҳолӣ, истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ ва ҳифзи муҳити зист дар объектҳои экспертиза;
– арзёбии дурустии дараҷаи хавфу хатари экологии фаъолияти пешбинишаванда, ки аз тарафи фармоишгар ва ё таҳиягари лоиҳа муайян карда шудааст;
– арзёбии мутобиқати объекти экспертизаи ба истифода додашаванда дар марҳилаи қабули қарор оид ба истифодаи онҳо дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба стандартҳои экологӣ;
– ташкили таҳлил ва арзёбии ҳамаҷонибаю холисонаи аз ҷиҳати илмӣ асосноки объектҳои экспертиза;
– таҳлил ва арзёбии таъсири эҳтимолии аз ҷиҳати экологӣ зарарноки объектҳои экспертиза ба саломатии аҳолӣ, захираҳои табиӣ, муҳити зист, инчунин оқибатҳои эҳтимолии иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва экологии он;
– тайёр намудани хулосаҳои холисона ва аз ҷиҳати илмӣ асосноки экспертизаи экологӣ, сари вақт ба мақомоти давлатӣ ва дигар мақомоте, ки оид ба татбиқи объекти экспертиза қарор қабул менамояд, пешниҳод намудани онҳо, хабардор намудани шахсони манфиатдор, ҷомеа ва шаҳрвандон.
Намудҳои экспертизаи экологӣ
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон экспертизаи давлатии экологӣ ва экспертизаи ҷамъиятии экологӣ гузаронида мешаванд.
Хулосаи экспертизаи давлатии экологӣ – ҳуҷҷате, ки аз рӯи натиҷаи экспертизаи давлатии экологӣ таҳия шуда, дорои хулосаҳо дар бораи таъсири ин ё он фаъолият ба муҳити зист мебошад.
11.2. Экспертизаи давлатии экологӣ
Субъектҳои экспертизаи давлатии экологӣ.
Субъектҳои экспертизаи давлатии экологӣ аз инҳо иборатанд:
– экспертҳои экспертизаи давлатии экологӣ (комиссияҳои экспертӣ);
– фармоишгарон;
– таҳиягарони ҳуҷҷати лоиҳавӣ ва дигар ҳуҷҷатҳо.
Эксперти экспертизаи давлатии экологӣ намояндаи фармоишгар ва таҳиягари ҳуҷҷати лоиҳавӣ ва дигар ҳуҷҷатҳо, инчунин намояндаи шахси воқеӣ ва ташкилоте буда наметавонад, ки бо фармоишгар ё таҳиягари ҳуҷҷати лоиҳавӣ ва дигар ҳуҷҷатҳо шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ дорад.
Объектҳои экспертизаи давлатии экологӣ
Объектҳои экспертизаи давлатии экологӣ аз ҳуҷҷатҳои лоиҳавӣ ва дигар ҳуҷҷатҳои зерин оид ба фаъолияти ба нақшагирифташавандаи хоҷагидорӣ ва дигар намуди фаъолият иборат мебошанд, ки метавонанд ба муҳити зист таъсири манфӣ расонанд:
– лоиҳаҳои барномаҳо ва нақшаҳои ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ, консепсияҳои соҳавӣ, пешгӯиҳо, ки татбиқи онҳо ба истифодаи захираҳои табиӣ алоқаманданд ва (ё) метавонанд ба муҳити зист таъсир расонанд;
– лоиҳаҳои шаҳрсозӣ;
– лоиҳаҳои меъморӣ ва сохтмонӣ, ки тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ гардидаанд;
– лоиҳаҳои санадҳои меъёрии техникӣ, ки дар онҳо талабот оид ба ҳифзи муҳити зист ва (ё) истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ нисбати маҳсулот ва раванди таҳияи он, истеҳсол, истифодабарӣ, нигоҳдорӣ, ҳамлу нақл, фурӯш ва истифодаи партовҳо ё хизматрасонӣ муқаррар мегарданд.
Тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Точикистон намудҳои дигари ҳуҷҷати лоиҳавӣ ва дигар ҳуҷҷатҳо, ки бояд аз экспертизаи давлатии экологӣ гузаранд, муқаррар карда мешаванд.
Тартиби гузарондани экспертизаи давлатии экологӣ
1. Экспертизаи давлатии экологӣ аз ҷониби экспертҳо гузаронида мешавад. Дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳолатҳои гузаронидани экспертизаи давлатии экологӣ аз ҷониби экспертҳои алоҳида ва комиссияҳои экспертӣ муқаррар карда мешаванд.
2. Экспертизаи давлатии экологӣ дар асоси аризаи фармоишгар бо замимаи ҳуҷҷати лоиҳавӣ ва дигар ҳуҷҷатҳо, ки бояд аз экспертизаи давлатии экологӣ гузаранд, маводи арзёбии таъсиррасонӣ ба муҳити зист дар ҳолатҳои муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар ҳуҷҷатҳои зарурӣ, ки таркиб ва мундариҷаашонро қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян кардааст, гузаронида мешавад.
11.3. Экспертизаи ҷамъиятии экологӣ
Объектҳои экспертизаи ҷамъиятии экологӣ
Ҳама объектҳои дар моддаи 9 Қонуни мазкур пешбинигардида метавонанд объектҳои экспертизаи ҷамъиятии экологӣ бошанд, ба истиснои ҳуҷҷати лоиҳавӣ ва дигар ҳуҷҷатҳое, ки дорои маълумоти сирри давлатианд ва ё дастрасӣ ба онҳо тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳдуд гардидааст.
Субъектҳои экспертизаи ҷамъиятии экологӣ
Субъектҳои экспертизаи ҷамъиятии экологӣ инҳоянд: