– мавҷудияти системаи корезии боришот бо иншооти тозакунӣ барои объектҳои истеҳсолӣ;
– истифодаи об аз манбаъҳои объектҳои обии рўизаминӣ, обҳои боришотӣ ва оби барф;
– мавҷудияти чорабиниҳо оид ба ҳифз ва истифодаи самараноки захираҳои об (истифодаи системаи баргардандаи обтаъминкунӣ);
– мавҷудияти система ва иншооти обтозакунии босамари корезӣ, хоҷагию маишӣ ва истеҳсолӣ;
– ҷой надоштани равонакунии обҳои партов бо истифода аз релефи маҳал;
– дар лоиҳа мавҷуд будани чорабиниҳое, ки пешгирии таъсири номатлубро ба объектҳои олами ҳайвонот ва (ё) муҳити зисти онҳо таъмин менамояд (сохтмони иншоот барои гузаштани ҳайвоноти ваҳшӣ ба воситаи шабакаи нақлиётӣ, дарҷот ва дигар монеъаҳо дар роҳи муҳоҷирати онҳо, зоопарваришгоҳҳо ва дигар объектҳо барои парвариши ҳайвоноти ваҳшӣ ва ҷайраҳо);
– мавҷудияти чорабиниҳо ҷиҳати ҳифзи ҳавои атмосфера;
– мавҷудияти чорабиниҳое, ки тибқи тавсияҳои асосноккунии гидроэкологии ҷойгиронии объект иҷро гардидааст;
– мавҷудияти чорабиниҳо оид ба муомилот бо партовҳое, ки такроран истифода мешаванд.
11. Аз рўи натиҷаҳои экспертизаи давлатии экологӣ аз ҷониби мутахассиси масъули салоҳиятдор лоиҳаи хулосаи экспертизаи давлатии экологӣ тартиб дода мешавад, бо назардошти:
– хулосаи экспертизаи ҷамъиятии экологӣ (дар сурати мавҷуд будани
он);
– маводи мувофиқашудаи ҳисоботи тарафи фарогир оид ба арзёбии объектҳое, ки метавонанд таъсири байнисарҳадӣ ба муҳити зист дошта бошанд ва тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронидани чунин арзёбӣ талаб карда мешавад;
– пешниҳодҳои хаттии омода намудаи экспертҳои ҷайриштатӣ (барои объектҳои дараҷаи таъсирашон баланд ва таъсири байнисарҳадӣ дошта).
12. Мундариҷаи хулосаи мусбии экспертизаи давлатии экологӣ инҳоро бояд дарбар гирад:
– оид ба мувофиқати фаъолияти пешбинишуда ба талаботи экологӣ, ки тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бахши ҳифзи муҳити зист муқаррар карда шудаанд;
– оид ба имконпазирии таъсири пешбинишуда ба муҳити зист;
– оид ба имконпазирии татбиқи объекти экспертиза.
13. Хулосаи манфии экспертизаи давлатии экологӣ метавонад ду намуди натиҷа дошта бошад:
– оид ба зарурияти такмили ҳуҷҷатҳои пешниҳодшуда аз рўи мулоҳиза ва пешниҳодҳое, ки дар хулосаи экспертизаи экологӣ қайд гардидаанд;
– оид ба имконнопазирии татбиқи объекти экспертиза бо назардошти таъмин нашудани талаботи бехатарии экологии фаъолияти ба нақшагирифташаванда.
14. Ба хулосаи экспертизаи давлатии экологӣ мулоҳизаҳои махсуси эксперти экспертизаи давлатии экологӣ замима карда мешавад (дар сурати мавҷуд будани мулоҳизаҳои махсус).
15. Хулосаи экспертизаи давлатии экологиро эксперти экспертизаи давлатии экологӣ (ҳангоми баргардонидани маводи экспертизашаванда тибқи банди 7 боби 1 Тартиби мазкур ҳамаи аъзоёни комиссияи экспертӣ) имзо мегузорад ва онро роҳбари мақоми ваколатдорӣ давлатӣ дар соҳаи экспертизаи давлатии экологӣ тасдиқ менамояд.
16. Экспертизаи давлатии экологӣ, аз ҷумла ҳангоми такроран ва ё иловатан гузаронидани он аз ҳисоби фармоишгар маблаҷгузорӣ карда мешавад. Ҳаҷми маблаҷи гузаронидани экспертизаи давлатии экологиро қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бахши низоми иҷозатдиҳӣ муайян менамояд.
17. Додани хулосаи экспертизаи экологӣ ба субъектҳои фаъолияти соҳибкорӣ тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ"амалӣ карда мешавад.
18. Хулосаи экспертизаи давлатии экологӣ ба фармоишгар ва ё таҳиягари ҳуҷҷати лоиҳавӣ ва дигар ҳуҷҷатҳо фиристода мешавад.
19. Фармоишгар ва ё таҳиягари ҳуҷҷати лоиҳавӣ ва дигар ҳуҷҷатҳо ўҳдадор аст, ки нусхаи хулосаи экспертизаи давлатии экологиро ба мақомоти ҳифзи муҳити зисти маҳали татбиқи лоиҳа дастрас намояд.
2. Талабот ба таркиби ҳуҷҷатҳои лоиҳавӣ ва дигар ҳуҷҷатҳо ва тартиби пешниҳоди онҳо ба экспертизаи давлатии экологӣ
20. Ҳуҷҷатҳои лоиҳавӣ ва дигар ҳуҷҷатҳо ба экспертизаи давлатии экологӣ дар намуди қоҷазӣ ва электронӣ (аз рўи мавҷудияти имконияти техникӣ) пешниҳод карда мешавад. Ҳамаи маводи ба экспертизаи давлатии экологӣ пешниҳодшуда дар экспертизаи давлатии экологӣ нигоҳ дошта
мешаванд.
21. Шартҳои техникӣ ва экологӣ оид ба лоиҳакашӣ бояд тибқи талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқии техникӣ дар бахши сохтмон, меъморӣ ва шаҳрсозӣ, ҳамчунин ҳифзи муҳити зист ва истифодаи самараноки захираҳои табиӣ ба расмият дароварда шавад. Мўҳлати амали шартҳои техникӣ барои лоиҳакашӣ тибқи мўҳлатҳои меъёрии барои лоиҳакашӣ муқарраршуда муайян карда мешавад. Мўҳлати амали шартҳои экологӣ барои лоиҳакашӣ аз ду сол зиёд нест.
22. Шартҳои техникӣ ва экологӣ барои лоиҳакашӣ, ки мўҳлати амалашон ба охир расидааст, ба экспертизаи давлатии экологӣ қабул карда намешаванд.
Дарси КМРО
Экспертизаи экологӣ
Шуъбаи экспертизаи экологӣ бо мақсади таъмини иҷрои талаботи моддаҳои 35-36 боби 6, 37-43 боби 7 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи муҳити зист» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи экспертизаи экологӣ» таъсис ёфтааст.