Макромолекулаҳои калонро ҳам бо усули дурдабандӣ ва флокулятсия ҷудо кардан мумкин аст. Онҳоро инчунин бо усули микротасфия ва ултраполоиш дар мембранаҳои махсус, ки андозаи масомаҳояш аз андозаи зарраҳои ҷудошаванда хурд аст, ҷудо намудан мумкин аст.
Микрозарраҳои массаи молекулавиашон 1000-50000 воҳид (далтон), ва ҳамчунин бактерияҳоро аз маҳлул бо усули ултраполоиш ҷудо мекунанд.
Молекулахои пайвастаҳои органикӣ бо массаи молекулавии гуногун бо методи сорбсия дар сорбентҳои масомадор ё дар анионитҳои махсуси фурўбарандаи органикӣ дур карда мешавад.
Ионҳои ҳалшудаи маводҳои ғайриорганикиро бо усули реагентӣ, полоиш-нанополоиш ва таровиши чаппа, ё мубодилаи ионӣ истихроҷи комплексӣ намудан мумкин аст.
Ифлосиҳои органикӣ ва биологиро бо оксидкунандаҳои қавӣ бартараф намудан мумкин аст.
Ифлосиҳои биологӣ бо таъсири физикавӣ, ҳамчунин ултрасадо, разряди электрӣ, афканишоти ултрабунафш ғайрифаъол мегарданд.
Дар ҷадвали 15.1. спектри андозаҳои зарраҳо, ки ҳам дар таркиби обҳои табиӣ ва ҳам дар обҳои ифлос ҳастанд, ва ҳамчунин методҳои дуркунии ғашҳо оварда шудааст.
Ғашҳои дуруштдисперсӣ, ки бо об суспензияҳоро, эмулсияҳо, кафкҳоро ташкил медиҳад ва ҳамчунин планктон ва бактерияҳои патогенӣ аз ҷиҳати кинетикӣ ноустувор ҳастанд, дар ҳавзҳо дар ҳолати муаллақ зери қувваи гидродинамикӣ меистанд. Ингуна маводҳо дар натиҷаи кафидани ҷинсҳо ва шустани хоку гил бо обҳои ифлос ба ҳавзаҳо мерезанд. Ин ғашҳо бештар аз зарраҳои хоку гил, рег, лойқа, эмулсияи равғанҳои минералӣ, маҳсулотҳои нафтӣ ва ғ. иборат аст. Дар сатҳи зарраҳо метавонанд бактерияҳо, вирусҳо, маводҳои радиоактивӣ ҷамъ шаванд. Ин ғашҳоро аз об бо таъсири қувваҳои гравитатсионӣ, қувваи часпиш (адгезия), ки ба такшинӣ вобаста аст, самаранок дур кардан мумкин аст.
Ғашҳои об аз ҳиссаҳо то воҳиди мкм асосан аз зарраҳои коллоидӣ (минералӣ ва органикӣ), гуминӣ, фулвотезобҳо, ки аз қабати хоки ҷангалзорҳо, торф, ботлоқ шуста мешавад, иборат аст. Ин зарраҳо обро сиёҳтоб мекунанд. Инчунин пайвастаҳои калонмолекулавии пайдоишаш табиӣ, ки ба воситаи обҳои ифлос ба ҳавзҳо мерезад; вирусҳо ва дигар микроорганизмҳои коллоидии дараҷаи дисперсӣ иборат аст. Ғашҳои ин гурўҳ бо об системаҳои қавии агрегатии кинетикиро (ғашҳо амалан такшин намешаванд, вақти такшиншавии онҳо солҳо давом меёбад) ташкил медиҳанд. Ин ғашҳоро аз об асосан бо усули дурдабандӣ, сорбсия ва бо таъсири оксидкунандаҳо дур мекунанд.
Ғашҳои молекулавии дараҷаи дисперсӣ – ин газҳои дар об ҳалшуда, пайвастаҳои органикии пайдоиши биологӣ, ва инчунин моддаҳои органикии бо обҳои шорандаи саноатӣ (истеҳсолотӣ) ва обҳои шорандаи маишӣ дароварда мешуда – фенолҳо ва ҳосилаи онҳо, аминҳои ароматӣ, нитропайвастҳо ва дигарҳо мебошанд. Раванди тозакунӣ аз онҳо – аэратсия (барои дуркунии маводҳои газӣ); сорбсия, экстраксия (барои дуркунии маводҳои органикӣ), тозакунии биохимиявӣ мебошад.
Ғашҳои дараҷаи дисперсии ионӣ дар об дар натиҷаи диссотсиотсияи намакҳо, тезобҳо ва асосҳо ҳосил мешавад. Ғашҳои ин гурўҳ аз об бо роҳи ҳосилкунии пайвастаҳои камҳалшаванда ва ё камдиссотсиатсияшаванда дур карда мешавад. Ба ғайр аз ин, ҷудокунии онҳо бо роҳи сорбсияи мубодилаи ионӣ, электродиализ, таровиши чаппа, ва инчунин бо роҳи тағирдиҳии ҳолати агрегатии об амалӣ карда мешавад.
Алоқаи динамикии байни гурўҳҳои ғашҳои об имконият медиҳад, ки алоқамандии гурўҳҳоро ба самти дилхоҳ тағир дода шавад ва ҳалли самараноки технологӣ дар ҳолати конкретии омодакунии об ёфта шавад.
Дарси амалӣ
интихоби тарз ва усули тозакунӣ
Барои интихоби тарз ва усулҳои тозакунӣ, бояд маълумот оиди таркиби обҳои шоранда доштан лозим аст. Ин маълумотро истифода бурда, дар наздикшавии аввала, ҳам сатҳи тозакунӣ ва ҳам таркиб ва миқдори партовҳое, ки дар раванди гузаронидани тозакунии он ҳосил мешаванд, муайян кардан мумкин аст. Номгўи нишондиҳандаҳое, ки аз рўи он тадқиқоти таркиби обҳои шоранда гузаронида мешавад, бо назардошти ҷой ва шароити ҳосилшавии обҳои шоранда ва талаботҳое, ки ба обҳои шоранда гузошта мешавад, муайян карда мешавад.
Расми 15.1. Тарҳи гузаронидани тадқиқоти таркиби
моддавии обҳои шоранда
Маълумоти умумиро оиди таркиби моддаҳои ифлоскунанда дар обҳои шоранда, ҳангоми гузаронидани тадқиқот мегиранд, ки нақшаи онҳо дар расми 9.1 оварда шудааст. Миқдори моддаҳои ифлоскунандаро одатан бо мг/дм3
муайян мекунандТарзҳои хос ва усулҳои тозакунии обҳои шорандаи саноатӣ ва маишӣ
Маълумотҳоро дар бораи таркиби обҳои шорандаи ҳосилшаванда ва талаботҳое, ки ба онҳо бояд обҳои тозашуда ҷавобгў бошад дониста, усул ва тарҳи технологии тозакунӣ, дастгоҳҳои асосӣ ва ёрирасонро интихоб мекунанд.
Ҳамаи усулҳои тозакунии обҳои шорандаро вобаста аз қонуниятҳое, ки дар асоси онҳо ҷойгир шудаанд, одатан ба механикӣ, химиявӣ, физикӣ-химиявӣ, биологӣ ҷудо мекунанд (расми 9.2).